Новости сайта

Таҳсилоти фосилавӣ

 
Picture of Пользователь Администратор
Таҳсилоти фосилавӣ
by Пользователь Администратор - Wednesday, 14 November 2018, 11:35 AM
 

Таҳсилоти фосилавӣ — тарзи амалигардонии раванди таълим бо истифодаи технологияҳои муосири иттилоотӣ ва телекоммуникатсионӣ, ки таълимро дар масофа бе иштироки шахсии омӯзгор ва донишҷӯён имконпазир мегардонад.       Гузариш ба сайти is.techuni.tj      Переход на сайт is.techuni.tj    

Таҳсилоти фосилавӣ зинаи нави рушди таҳсили ғоибонаи таҳсил буда, дар он истифодаи технологияҳои иттилоотӣ таъмин шудааст, фарқияти он аз намуди ғоибонаи таҳсил дар он иборатаст, ки қисми муҳими маводи таълимӣ, пайваста бо муносибат бо омӯзгор (машварат бо воситаи почтаи электронӣ, скайп, семинарҳо дар режими оnline) азхуд мешавад.

Шарти асосии ворид шудан ба система мушаххас намудани парол ва логини ҳар истифодабаранда мебошад, ки ба ин восита метавонад аз имконоти мавҷуда истифода намояд.

Системаи таҳсилоти фосилавии ДТТ ба номи академик М. С. Осимӣ дар шабакаи глобалии Интернетӣ (techuni.tj) фаъолият бурда, барои донишҷӯён имконияти саривақт ва бемамоният дастрас намудани маълумотҳои заруриро фароҳам меорад.

Устодони донишгоҳ имкон доранд бо донишҷӯ тавассути ин система фосилавӣ муошират намоянд. Кори система шаффоф буда, тамоми маълумотҳо марказонида шудаанд.

Яке аз мақсадҳои асосии истифода ва татбиқи чунин система таъмин ва кафолати сифати таҳсил дар донишгоҳ мебошад. Зеро бо истифодабарӣ аз системаи мазкур донишҷӯ имкони соҳиб шудан ба маълумоти заруриро пайдо хоҳад кард.

Ҳангоми ворид шудан ба система тавассути интихоби логин ва пароли шахсӣ донишҷӯ ба саҳифаи хеш дохил мегардад ва имкони шиносоиро бо маълумоти зарурӣ пайдо мекунад.

Системаи мазкур ба донишҷӯён имкониятҳои зеринро фароҳам меоварад:

  1. алоқаи доимӣ бо устод, имконияти машварати фаврӣ дар хусуси саволҳои пайдошуда бо истифодаи воситаҳои телекоммуникатсионӣ (почтаи электронии дохила, skype ва ғайра)
  2. дастрасии маводҳои назариявӣ ва амалӣ дар шакли электронӣ (слайдҳо, презентатсияҳои овознок, видеофрагментҳои дарс)
  3. Истифода бурдани китобхонаи электронӣ
  4. Муайян намудани бал аз рӯи фанҳо барои семестри ҳозира ва гузашта
  5. Иваз намудани профили худ (ба монанди парол, расм ва баъзан маълумотҳои иловагӣ)

Устод ҳангоми воридшавӣ ба система ба саҳифаи худ дохил мешавад, ки дар он мувофиқи сарбории ӯ рӯйхати фанҳое, ки дар нимсолаи ҷорӣ дарс медиҳад, ҷой дода шудааст. Устод метавонад барои гурӯҳи интихобшуда маводҳои худро дохил намояд.

Имкониятҳое, ки ба устод пешбинӣ шудааст:

  1. Гузоштани ахборот ё эълони нав дар гурӯҳи худ
  2. Иваз намудани профили худ (ба монанди, парол, расм ва баъзан маълумотҳои иловагӣ)
  3. Тартиб додан ва сабти маводҳои имтиҳонӣ барои санҷиши ниҳоӣ
  4. Тартиб додан ва сабти маводҳо барои санҷишҳои ҷорӣ
  5. Курси лексия
  6. Маводҳои тестӣ
  7. Масъала ва мисолҳо
  8. Адабиётҳои тавсияшаванда

Системаи таҳсилоти фосилавӣ — ин шакли самарабахши омӯзиши таҳсили ғоибона мебошад, аз он ҷумла барои гирифтани маълумоти дуюм ва барои он шахсоне, ки имконияти хондани таҳсили рӯзонаро надоранд пешбинӣ шудааст.

Интернет-технология барои дастрас намудани маводҳои таълимӣ-методӣ ва барои ҳамкории донишҷӯ бо омузгор ба воситаи шабакаи глобалии интернет кор фармуда мешавад. Омӯзиш дар система сифати кори мустакилонаи донишҷӯёнро баланд мегардад, кор бо компютер имконият медихад, ки хисобкунихо бо дараҷаи баланд иҷро карда шаванд. Навиштани корҳои семестрӣ ва истифодабарии маводҳои шабакаи глобалӣ барои омӯзиши васеъи мавзӯъҳо мусоидат мекунад.



ДИСТАНЦИОННОЕ ОБУЧЕНИЕ

_____________________________________________________

Дистанционное образование – это осуществление процесса обучения с использованием современных информационных и телекоммуникационных технологий с возможностью дистанционного обучения без непосредственного участия преподавателей и студентов.

Дистанционное образование соответствует новой стадии развития заочного обучения, которая предоставляет возможность использования информационных технологий.

Её отличие от заочной формы обучения заключается в том, что основная часть учебных материалов осваивается в непосредственной связи в преподавателем (консультации по электронной почте, скайпу, семинары в режиме онлайн).

Основным условием доступа к системе является указание логина и пароля каждого пользователя. В этой системе мы можем использовать все существующие возможности. Система дистанционного обучения ТТУ имени академика М. С. Осими, пользуясь глобальной сетью Интернет (techuni.tj), даёт возможность студентам получить своевременный и беспрепятственный доступ к необходимой информации.

Преподаватели института имеют возможность общаться со студентами в этой системе дистанционно. Все данные в системе централизованы.

Одним из основных целей внедрения и применения этой системы является обеспечение гарантией качества образования в университете, так как использование этой системы дает студентам возможность получить необходимую информацию.

Названный веб-сайт создан на базе достижений современных технологий, обеспечение безопасности и конфиденциальной информации в нем гарантируется.

Введя логин и пароль, студент входит на свою страницу и получает доступ к нужной информации

Эта система предоставляет студентам следующие возможности:

  1. Регулярную связь с преподавателем, возможность срочной консультации относительно появившихся вопросов с использованием телекоммуникационных средств (внутренней электронной почте, скайпу и др.);
  2. доступность теоретических и практических материалов в электронном формате (слайды, звуковые презентации, видеофрагменты уроков)
  3. возможность использование электронных ресурсов(библиотек);
  4. возможность знакомства с полученными баллами по дисциплинам на текущий и прошлый семестр
  5. изменения своего профиля (например, пароля, аватара и другой дополнительной информации)

Войдя в систему, преподаватель входит на личную страницу, на которой в соответствии с его нагрузкой на текущий семестр размещен список преподаваемых предметов. Преподаватель может добавить учебные материалы для выбранных групп.

Возможности, предоставляемые к учителю:

  1. Ввод информации или объявления в преподаваемой группе
  2. Изменение своего профиля (например, пароля, аватара и другой дополнительной информации)
  3. Создание и запись экзаменационные материалов для итогового экзамена
  4. Создание и запись материалов для текущего контроля
  5. Добавление курса лекций
  6. Добавление материалов для тестирования
  7. Добавление задач и образцов их решения
  8. Добавление списка рекомендуемой литературы

Система дистанционного обучения это удобный и доступный способ получения высшего образования, в том числе для получение второго диплома и предусмотрена для тех, кто не имеет возможности получить образование на очном отделениях вузов.

Интернет-технологии используются для доступа к учебным материалам и сотрудничества студента с преподавателем через глобальную сеть Интернет.

Обучение в системе повышает качество самостоятельной работы студентов, работа с компьютером позволяет делать точные расчеты. Подготовка семестровых работ и использование материалов глобальной сети способствует глубокому изучению дисциплин.

(Редактировал(а) Ҷалилов Умарҷон Ҷамилович - Wednesday, 14 November 2018, 11:15)

(Редактировал(а) Ҷалилов Умарҷон Ҷамилович - Wednesday, 14 November 2018, 11:21)

(Редактировал(а) Ҷалилов Умарҷон Ҷамилович - Wednesday, 14 November 2018, 11:26)

(Редактировал(а) Ҷалилов Умарҷон Ҷамилович - Wednesday, 14 November 2018, 11:30)

(Редактировал(а) Ҷалилов Умарҷон Ҷамилович - Wednesday, 14 November 2018, 11:34)